Дурнамои шудгори заминҳои кишоварзӣ дар мамлакат 88% иҷро гардид

Январь 24, 2020 14:25

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ медиҳад, ки то 17 январ дар 498 ҳазору 802 гектар шудгор гузаронида шудааст, ки 88%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Маълум аст, ки барои омода намудани замин ба киштукори баҳорӣ пеш аз сардиҳои зимистон шудгори хушсифат анҷом дода мешавад.

Тавре  аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мувофиқи дурнамо, имсол дар 609 ҳазору 645 гектар шудгор гузаронида мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2517 гектар зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар фасли зимистон шудгор намудану яхоб мондани заминҳои шудгоршуда манфиати зиёд дорад.  Тавассути шудгоркунӣ ва яхобмонӣ ҳашароти зараррасон ва бемориҳо нобуд мегарданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дурнамои шудгори заминҳо дар вилояти Хатлон 88%, вилояти Суғд 75%, ВМКБ 55% ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ  78%-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, барои сари вақт ва бо сифати хуб ба анҷом расонидани маъракаи шудгор 27 ҳазору 776 адад трактори гуногунтамға сафарбар карда шудаанд, ки аз он 6271 ададаш мавриди истифода қарор доранд.

Ба гуфти кишоварзон, шудгоркунӣ ва яхобмонӣ маъракаи муҳим барои кишоварзон мебошад. Зеро ҳангоми шудгор хок омезиш ёфта, тухми алафҳои бегона, зараррасону барангезандагони бемориҳои зироати хушк ба зери хок афтида, нобуд мегарданд. Дар қабати поёнии шудгор бо таъсири намии дубора ва микрофлораи фаъоли муфиди хок моддаҳои ғизоии барои растанӣ зарурӣ зиёд мешаванд.

Олимони соҳаи кишоварзӣ барои маъракаи  шудгор тракторҳоеро, ки пешплуг доранд, тавсия медиҳанд. Ба гуфти онҳо,  пешплуг қабати сатҳии заминро бурида, ба даруни ҷӯякҳо мепартояд, яъне хокгардони корпуси асосии плуг қабати сатҳи заминро бурида, ба болои қабати дар даруни ҷӯякҳо хобида чаппагардон мекунад.

Ин беҳтарин навъи шудгор дониста мешавад. Аз ин рӯ сатҳи қабати замини шудгоршуда ҳамвор гардида, корҳои минбаъдаи пеш аз киштро осон мегардонад.

 

Январь 24, 2020 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид