Филми «Номус» одамонро ба ростқавлию росткорӣ ва поквиҷдонӣ даъват менамояд

Январь 9, 2020 14:58

 ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 январ дар Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нахустнамоиши филми «Номус» доир гардид. Филми мазкурро донишҷӯи курси 4-уми  кафедраи режиссура ва продюссерии факултаи фарҳангшиносӣ Сайфиддин  Наврӯзов аз рӯи асари  Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи  Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб ба навор гирифтааст.

Тавре аз  Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  филми «Номус» 45 дақиқа буда,  дар 15 рӯз ба навор гирифта шудааст.

Дар филми мазкур  насли бонангу номуси миллати тоҷик ва дорои  иродаи устувор  бо беҳтарин хислатҳои инсонӣ таҷассум гардидааст.

Мақсади банаворгирии филми «Номус»- ин  ба ростқавлию росткорӣ ва поквиҷдонӣ даъват намудани насли наврас ва калонсолон мебошад.

Муаллифи асар  Муҳаммад Ғоиб зикр намуд, ки  дастовард  ва  комёбиҳои  ҳар як донишҷӯ аз натиҷаи кӯшишу заҳмати омӯзгорони донишкада вобаста аст. Имрӯз Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи рӯзноманигори телевизион, театр ва кино ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Январь 9, 2020 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид