Хонандагони тоҷик дар 30 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 250 медал, аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 ба хориҷи мамлакат дар асоси бурсия ва дигар шартномаҳои байни идоравӣ 5993 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил равон карда шудаанд. Аз ин теъдод 4237 нафар дар муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия ва 1756 нафар дар муассисаҳои олии 33 кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин матлабро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон иброз дошт.
М.Имомзода афзуд, ки тибқи маълумоти оморӣ соли таҳсили 2019-2020 7407 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 кишвари ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки хонандагони тоҷик соли 2019 дар 30 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар зиёда аз 20 кишвари дунё баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 250 медал, аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд. Ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли 2019 нишон дод, ки хонандагони Кӯҳистони Мастчоҳ, Восеъ, Балҷувон, Муъминобод, Қубодиён, Роғун, Лахш, Дарвоз, Роштқалъа, Рӯшон дар олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ягон ҷой нагардиданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Мурғоб, Тоҷикобод, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Ҷайҳун умуман дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок накарданд.
Гуфта шуд, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагони шаҳри Душанбе бо 167 (44 медали тилло, 50 медали нуқра, 73 медали биринҷӣ), Суғд бо 56 (21, медали тилло, 14 медали нуқра, 21 медали биринҷӣ), Хатлон бо 7 (1 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ) шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 16 (2 медали тилло, 14 медали биринҷӣ) ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки мушкилоте, ки соли 2019 дар маблағгузории соҳаи маориф ба назар расид, ин сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷумла, ба ҳолати 6 декабри соли 2019 қарздории музди меҳнати кормандони соҳаи маориф дар ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён ва Фархор вуҷуд дошт. Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба унвонии раисони шаҳру ноҳия, вилоят ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мактуб ирсол карда шуд.
Соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 130 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 32560 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 500 млн. сомонӣ ба истифода дода шуд. Аз ин шумора сохтмони 32 бинои муассисаи таълимӣ барои 9574 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 40 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4913 ҷойи нишаст ба анҷом расонида шудааст.








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






