Хонандагони тоҷик дар 30 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 250 медал, аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд

Январь 31, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2019 ба хориҷи  мамлакат  дар асоси бурсия ва дигар шартномаҳои байни идоравӣ  5993 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил равон карда шудаанд. Аз ин теъдод  4237 нафар  дар  муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия ва 1756 нафар дар муассисаҳои олии 33 кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин матлабро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон иброз дошт.   

М.Имомзода афзуд, ки тибқи маълумоти оморӣ соли таҳсили 2019-2020  7407 нафар шаҳрванди хориҷӣ  дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 кишвари ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки хонандагони тоҷик соли 2019 дар 30 олимпиадаи  байналмилалӣ, ки дар зиёда аз 20 кишвари дунё  баргузор гардиданд,  фаъолона иштирок намуда, сазовори 250 медал,  аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд. Ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли 2019 нишон дод, ки хонандагони Кӯҳистони Мастчоҳ, Восеъ, Балҷувон,  Муъминобод, Қубодиён, Роғун, Лахш, Дарвоз, Роштқалъа,  Рӯшон дар олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ягон ҷой  нагардиданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои  Мурғоб, Тоҷикобод, Носири Хусрав,  Шаҳритус ва Ҷайҳун  умуман дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок накарданд.

Гуфта шуд, ки  дар олимпиадаҳои байналмилалӣ  хонандагони шаҳри  Душанбе бо 167  (44 медали тилло, 50 медали  нуқра, 73 медали биринҷӣ), Суғд бо 56 (21, медали тилло, 14 медали нуқра, 21 медали биринҷӣ), Хатлон бо 7 (1 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ) шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ бо 16   (2 медали тилло, 14 медали биринҷӣ)   ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Ҳамчунин  иттилоъ дода шуд, ки мушкилоте, ки  соли 2019 дар маблағгузории соҳаи маориф  ба назар расид, ин сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон  дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  мебошад.  Аз ҷумла,  ба  ҳолати 6 декабри соли 2019 қарздории музди меҳнати кормандони соҳаи маориф дар ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён ва Фархор вуҷуд дошт.  Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба унвонии раисони шаҳру ноҳия, вилоят ва Ҳукумати ҷумҳурӣ  мактуб ирсол карда шуд.

Соли 2019  аз  ҳисоби  ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 130 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 32560 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 500 млн. сомонӣ ба истифода дода шуд. Аз ин шумора сохтмони 32 бинои муассисаи таълимӣ барои 9574  ҷойи нишаст аз  ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи  ҳашар сохтмони 40 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4913 ҷойи нишаст ба анҷом расонида шудааст.

Январь 31, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид