Хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 12 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9-ум то 13-уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар дар 3 даста ширкат намуданд. Аз ҷумла, иштирокчиён аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Литсейи муштараки тоҷикӣ-руссии Ҳотам ва ПВ ва хонандагони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карданд.
Ёдодвар мешавем, ки соли 2019 хонандагони Тоҷикистон дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 251 ҷойи ифтихорӣ гардида, 65 медали тилло, 66 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ ба даст оварданд.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






