Хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 12 медал гардиданд

Январь 17, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 17.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9-ум то 13-уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар дар 3 даста ширкат намуданд. Аз ҷумла, иштирокчиён аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Литсейи муштараки тоҷикӣ-руссии Ҳотам ва ПВ ва хонандагони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карданд.

Ёдодвар мешавем, ки соли 2019 хонандагони Тоҷикистон дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 251 ҷойи ифтихорӣ гардида, 65 медали тилло, 66 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ  ба даст оварданд.

Январь 17, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос шуд
«ИНЪИКОСИ ПИРЯХҲО ДАР ОСОРИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Кӯлоб таҳти ин унвон намоиш ифтитоҳ ёфт
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Русия дар равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад
Дар Душанбе Фестивали VI филмҳои фаронсавӣ доир мегардад
Овозхони тоҷик Фаррух Ҳасанов дар озмуни «Ну-ка, все вместе!»-и Телевизиони «Россия-1» ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ барномаи идона ташкил гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн аз саҳми шоёни рассомон ва санъатшиносон дар таҳияи Парчами давлатӣ ёдовар шуданд
«БО БАЛАНДИЯТ САРИ МОРО ҲАМЕДОРӢ БАЛАНД…». Аввалин қадамҳои Сарвари навтаъйини Тоҷикистон ба ҷониби Парчами миллӣ гузошта шуда буданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкории илмиро бо Маркази миллии тадқиқотии «Институти Курчатов»-Русия тақвият мебахшад
Парчами Тоҷикистон, ки соли 2009 дар Антарктида афрохта шуд, ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АНТАРКТИДА. Ба иқболи мо бигузор он ҳамеша барафрохта бошад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд