Игор Сатторов: «Гуфтушуниди ТАЛКО бо шарикони чинӣ ба фурӯши саҳмияҳо ягон рабт надорад»

Январь 25, 2020 12:47

ДУШАНБЕ, 25.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019  КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз 1 ноябри соли 2019 ба ҶСК  «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо саҳми 100% -и давлатӣ табдили ном кард. Дар робита ба ин дар як зумра воситаҳои ахбори омма хабарҳое паҳн шуданд, ки онҳо ба таври ошкоро  хусусияти ҳаннотӣ, бобати гўё гузариши имконпазири ТАЛКО таҳти назорати Чинро дар бар мегиранд.

Ба мақсади пешгирии ҳама гуна бӯҳтон перомуни масъалаи он ки «Ширкати Алюминийи Тоҷик» пас аз гузариш ба шакли тиҷоратии мазкури идораи корхона ва амалӣ кардани навсозии истеҳсолот дар он бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба кӣ тааллуқ дорад, хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо  директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Игор САТТОРОВ ҳамсуҳбат шуд. 

Игор Сатторов гуфт, ки ширкат дар айни замон дар ҳақиқат бо шарикони чинӣ бобати ҷалби маблағҳо барои навсозии истеҳсолоти электролиз гуфтушунид доир намуда истодааст, ки он ба фурўши саҳмияҳо ягон рабт надорад.

«Аз ҷумла, созишнома бо ширкати давлатии чинии  China Machinery Engineering Corporation (СМЕС), ки ҳадафи он $ 545 млн. маблағгузорӣ аст, ҳанўз моҳи апрели соли 2019, яъне то табдили ном кардани ТАЛКО ба ҷамъияти саҳомӣ ба имзо расида буд. Ғайр аз ин созишнома дар доираи ЕРС (инжиниринг, таъминот, сохтмон) +Ғ (маблағгузорӣ) имзо гардида буд. Ин маънои онро дорад, ки таъсиси корхонаи муштарак  пешбинӣ нагардидааст- ширкати чинии СМЕС корҳои марбут ба навсозиро аз ҳисоби сармояҳои ҷалбшуда роҳандозӣ менамояд, пас аз анҷоми он иншоотро пурра ба ТАЛКО месупорад»,-иброз намуд директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Игор Сатторов.

Бино ба маълумоти номбурда, таҷҳизоти зарурӣ  барои навсозии ТАЛКО аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Инчунин Игор Сатторов зикр кард, ки маблағҳое, ки барои навсозӣ ҷудо карда шудаанд, аз ҳисоби фурӯши алюминийе, ки дар хатҳои электролизии нав  истеҳсол мегарданд, бозгардонида мешаванд.

Амалан дар ҳудуди ширкат корхонаи нав бунёд мешавад, ки иқтидори он тибқи лоиҳа 300 ҳазор тонна/сол мебошад. Аз маблағи банақшагирифтаи $545 млн. ба сохтмон $455 млн. сарф карда мешавад, $ 90 млн. боқимонда сармояи гардон аст (ба сифати муқоиса: маблағгузории лоиҳавии мушобеҳи ЕРС +Ғ зимни сохтмони корхонаи алюминий дар Қазоқистон  бо иқтидори 250 ҳаз. тн/сол, амалӣ шудааст, ки арзиши лоиҳаи мазкур беш аз $ 1 млрд. ташкил додааст.).

Пас аз навсозӣ ТАЛКО соҳиби таҷҳизоти муосиртарини автоматонидашудаи истеҳсоли алюминий  мегардад. Хароҷоти неруи барқ ва намудҳои дигари истеҳсолот тақрибан ду маротиба коҳиш меёбанд, 94) алюминий бо сифати баланди А7 ва А8 истеҳсол карда мешавад.

Афзалияти дигари ТАЛКО муваффақона татбиқ намудани барномаи воридотивазкунанда маҳсуб меёбад, ки имкон медиҳад тамоми ашёи хом мустақилона дар дохили мамлакат истихроҷ ва истеҳсол карда  шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки барои маркази савдои «Металлург», муҷтамаи меҳмонхонаи  «Ширкент», хонаи истироҳатии «Куран» ва объектҳои дигар таъсис додани шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда, ҳиссаи  ТАЛКО дар онҳо 100%-ро ташкил хоҳад дод.

Табдили ТАЛКО ба ҷамъияти саҳомӣ натиҷаи объективии вазъияте мебошад, ки дар шароити пайваста афзояндаи таваккалҳои рақобатӣ дар бозори ҷаҳонии алюминий барои ширкат ба миён омадааст.

ТАЛКО дар сурати мақоми корхонаи воҳиди давлатӣ доштан, бобати ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ мушкилоти ҷиддӣ дошт, чунки корхонаҳои воҳид намуди нодири шахсони ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, дар қонунгузориҳои давлатҳои хориҷӣ дучор намеояд. Бобати чунин намуди корхонаҳо эътибори «шакли гузаранда» маъмул гаштааст. Дар чунин шароит ҷамъияти саҳомӣ барои сармоягузорони эҳтимолии хориҷӣ шакли қобили дарки идоракарди ҳуқуқӣ ва иқтисодии тиҷорат маҳсуб меёбад. Ба ин тариқа, табдили ширкати алюминбарории тоҷик ба ҶСК бобати ҷалби сармояи хориҷӣ ба он ҷиҳати рушд кардан имкониятҳои васеътар боз менамояд.

Ҷамъияти саҳомӣ чун шакли асосии ташкили корхонаю ташкилоти азими муосир дар тамоми ҷаҳон, механизми ҳуқуқии аз ҳама такмилёфта бобати созмондиҳии иқтисод маҳсуб меёбад, ки ин аз роҳи чунончи дастрасии бозори сармоя ва низ василаҳои ҷалби маблағҳои молиявӣ, муттаҳидонии сармояҳо, ки ҳудудҳои маҳдудкунанда надоранд, устувории маъмурию молиявӣ, идоракарди касбӣ, имконияти бозгардонии маблағҳо тавассути фурўш ё баргардонии саҳмияҳо; ба даст овардани намудҳои гуногуни фоида, боэътиборӣ; ҳифозати қавитари ҳуқуқӣ ва ғайра сурат мегирад.

«Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар иқтисоди Тоҷикистон дорои аҳамияти муҳимтарини стратегӣ буда, моликияти истисноии давлат мебошад. Чунонки қаблан зикр гардид, 100% саҳмияҳои ширкат ба Ҳукумати мамлакат тааллуқ дорад. Танзими ҳуқуқӣ ва натиҷамандии фаъолияти ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз тариқи иштироки давлат дар идора, соҳибӣ кардан, истифода ва ихтиёрдории саҳмияҳо, инчунин роҳандозии назорати истифодаи самараноки амволи ҷамъияти саҳомӣ ба даст хоҳад омад. Вазъи мазкур ба ин маънист, ки ҳар гуна амали бо саҳмияҳои ТАЛКО баргузоршаванда дар доираи қонунгузории амалкунандаи мамлакат ва бо риояи ҳатмии шароити шаффофияти созишҳои тиҷоратӣ сурат хоҳад гирифт.

Дар Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеа ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-ро дар соли 2019 хуб арзёбӣ карда, зикр карданд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширкат афзудааст. Дар ин давра вазъи истеҳсолию иқтисодӣ ва молиявии ТАЛКО чунин аст:

Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№1 аз 21.01.19с.) дар корхона нақшаи чорабиниҳо барои соли 2019 таҳия гардида буд. Стратегияи дар ҳуҷҷати мазкур пешбининамудаи ширкат ба афзоиши бемайлони ҳаҷми истеҳсолот ва маҳсулнокии меҳнат, беҳ намудани раванди технологӣ, навсозии фондҳои асосӣ, тармим ва таҷдиди таҷҳизоти амалкунанда равона шуда буд.

Ин имкон дод, ки корхона дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти алюминий – дар ҳаҷми 5,8 ҳаз. тн. ё ба андозаи 6,1%; анодҳои пухта – дар ҳаҷми 2,6 ҳаз. тн. ё ба андозаи 2,9%; маҳсулоти алюминӣ барои корхонаҳои Тоҷикистон – дар ҳаҷми 2 ҳаз. тн. ё ба андозаи 48,0%; сими ғафси алюминӣ – дар ҳаҷми 643 тн. ё ба андозаи 38,1% афзун намояд.

Дар соли 2019 95 адад электролизёри нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли алюминий ба 100,8 ҳаз.тн. расонида шуд.

Хотирнишон бояд намуд, ки дар муддати соли 2019 як қатор ҳолатҳои ғайричашмдошт ва аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» вобаста набуда дар таъминоти фаъолияти муътадили раванди истеҳсолии корхона бинобар таъхирёбии ҳамлу нақли вагонҳои роҳи оҳан ва мошинҳои боркаш дар ҳудуди Туркманистон мушкилоти ҷиддиро ба бор овард. Нақлиёти мазкур асосан бо кашонидани ашёи хоми технологии асосӣ ва маводи дигари ёрирасон барои истеҳсоли алюминийи аввалия машғул буданд. Инчунин гилхок, пек ва кокси нафтдор аз қаламрави Ҷумҳуриҳои Ўзбекистон бо сабаби фаромадани ярч дар километри 8-уми наздикии истгоҳи роҳи оҳани Ақработ ва Қазоқистон бо сабаби эълон намудани ҳолати фавқулодда, таркиши анбори лавозимоти ҳарбӣ дар шаҳри Арис (131 км аз гузаргоҳи сарҳадии истгоҳи Сариагаш) саривақт ворид нагардиданд.

Омилҳои зикргардида боиси ба таври ноилоҷӣ аз кор боздоштани 90 электролизёр дар соли сипаригардида гардид. Новобаста аз ин, корхона барои барқарор сохтани истеҳсолот ва ба кор андохтани электролизёрҳои нав чораҳои амалӣ андешид.

Бояд зикр намуд, ки тайи даҳ соли охир бо сабабҳои ба корхона вобастанабуда зиёда аз 1522 адад электролизёрҳои амалкунанда аз кор боздошта шудаанд (аз онҳо дар ҳафт соли охир 819 адад), ки сабаби асосии аксарияти аз кор боздоштани онҳо саривақт таъмин нагардидани ашёи хоми асосӣ ва ёридиҳанда буда, сабабгори он амалиётҳои давлатҳои ҳамсоя оид ба ҳамлу нақли борҳо тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ аз ҳудуди он кишварҳо мебошад.

Омили асосӣ дар раванди танзими ҳаҷми истеҳсоли алюминий ин нархгузорӣ дар Биржаи Филизоти Лондон (LME) мебошад. Нархи миёнаи алюминий дар LME дар соли 2019 нисбат ба соли қаблӣ, ки $2110,1/тн-ро ташкил медод, ба андозаи 15,1% (-$319) коҳиш ёфта, $1791,1/тн-ро ташкил дод.

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба афзун намудани суръати рушди ММД мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда равона шудааст, ширкат бо корхонаҳои саноатии ватанӣ ҳамкориро идома медиҳад.

КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” дар доираи амалӣ намудани барномаи истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот аз соли 2016 инҷониб истеҳсоли маснуоти оташбардор, аз қабили хиштҳои тамғаашон гуногун, кварсит, графити 97-фоиза, инчунин шишаи моеъро ба роҳ мондааст. Ин имкон медиҳад, ки ширкат дар як сол беш аз 20 млн. сомонӣ сарфа намояд, зеро зарурати ворид намудани чунин маҳсулот боқӣ намондааст. Барои истеҳсоли маҳсулоти оташбардор ба сифати ашёи хом каолини маҳаллӣ, инчунин партовҳои саноатии корхона истифода шуда, арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшавандаро коҳиш медиҳанд.

Маҳсулоти сехи маводи оташбардор ва сохтмонӣ ҳалқаи муҳими баргузории тармими мукаммали таҷҳизоти корхона маҳсуб меёбад. Сех хишти оташбардори навъҳои ШБ, МКРА, мертели МШ-28, ВГ-50 истеҳсол менамояд, ки нисбат ба нархи хариди маҳсулоти мазкур хеле арзон мебошад.

Соли 2019 КФД “Алюминсохтмон” ва ширкати азими мошинбарории Ҷумҳурии Ӯзбекистон “УзавтоТрейлер” бобати бунёд намудани корхонаи муштараки “ТалкоУзавтоТрак” созишнома бастанд. Дар айни замон дар корхонаи муштарак 30 адад самосвал, 2 экскаватор ва 2 автомобили боркунанда ҷамъоварӣ шудааст. Маблағи умумӣ аз фурўши нақлиёти мазкур қариб 24 млн.сомониро ташкил дод.

Дар доираи барномаи рушди корхонаи муштарак (КМ)-и “Талко УзавтоТрак” барои васлу насби кузовҳо дар заминаи истеҳсоли худӣ ба маблағи қариб 2 млн. сомонӣ таҷҳизот ва маҳсулоти нимтайёр барои сохтани кузовҳо ворид гардид (қаблан кузовҳои тайёр аз ҷониби ширкати «УзавтоТрейлер» таҳвил мегардид). Дар айни замон 30 адад шассӣ ва ҳамин қадар кузов таҳвил шудааст, ки имкон медиҳад боз 30 мошини боркаш барои таъмини талаботи бозорҳои дохили мамлакат дар моҳҳои аввали соли 2020 ба роҳ монда шавад. Маблағи фурӯши самосвалҳои мазкур беш аз 16 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Маблағи истифодаи неруи барқ дар соли 2019 255,93 млн. сомонӣ, пардохт бошад, 256,62 млн сомонӣ ё ба ҳисоби фоиз 100,3-ро ташкил дод.

Гардиши савдои берунии ширкат дар соли 2019 318,0 млн. доллари ИМА, аз ҷумла, воридот $150,7 млн., содирот $167,2 млн.-ро ташкил дод, яъне тафовути мусбат ба маблағи $17,2 млн. ба даст оварда шуд.

Аудити молиявии байналмилалии мустақили фаъолияти ТАЛКО

Мавқеи муҳими “Ширкати Алюминийи Тоҷик” масъалаи таъмини шаффофияти фаъолияти он буд ва мемонад. ТАЛКО дар ҷумҳурӣ аввалин корхонаи саноатӣ мебошад, ки ташаббускори баргузории Аудити молиявии байналмилалии мустақили фаъолияти худ мебошад.

Натиҷаи фаъолияти молиявии аудит, ки ҳамасола аз соли 2010 ба шумули соли 2019 аз ҷониби ширкатҳои аудитории MOORE STEPHENS, RSM LLC и BDO LLC баргузор мешавад, нишон дод, ки дар фаъолияти молиявии ТАЛКО дар давраи аз соли 2006 то соли 2018 аз рўйи нишондодҳои ЕВITDA (даромад то пардохти фоизи кредитӣ, андоз ва истеҳлокӣ) камбудии ҷиддӣ набуда, низоми кори ширкат рақобатпазир ва фаъолияти истеҳсолии он тибқи дурнамо номурттаб набуда, ба талаботи стандартҳои байналмилалии низоми менеджмент ва савдо мувофиқ мебошад. Ширкат аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти амалиётӣ дар солҳои ҳисоботӣ фоидаи соф ба даст овард, аз ҷумла, соли 2017 – $12,4 млн., соли 2018  –  $76,9 млн. ва соли 2019 – $22,6 млн.

Эзоҳ: фоида барои соли 2019 тибқи ҳисоби муҳосибӣ дода шудааст

Хулосаи муҳими ҳисоботи аудитӣ нисбат ба ТАЛКО тасдиқи шаффофияти ширкат, рақобатпазирии сохтори тендерии харид ва фурўши маҳсулоти он ва мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Маводи аудит, ки натиҷаи кори ширкат инъкос ёфтааст, ҳамасола дар сомонаи ТАЛКО: http://talco.com.tj/ru/investors/finansovaya-otchetnost ҷой дода мешавад.

 Фаъолияти ТАЛКО ва навсозии истеҳсолот

ТАЛКО дар бобати татбиқи барномаи даврагӣ ва навсозии комили истеҳсолоти алюминий, гузариши онро ба технология муосир таъмин намуда, фаъолона кор мебарад. Барои ҳалли вазифаи мазкур ТАЛКО аз иқтидорҳои зарурӣ, аҳду паймон, чӣ дар сатҳи ширкат-шарикон, чӣ дар байнидавлатӣ тақвият дода дар ихтиёр дорад.

Дар айни замон ширкат, ки ба фаъолияти он 31 марти 2020 45 сол пур мешавад, маҷбур аст барои тармими таҷҳизоти фарсудаю кўҳна маблағҳои хеле зиёд масраф созад. Дар ин давра дар саноати алюминий тағйироти ҷиддӣ дар технологияи истеҳсоли филизи мазкур ба амал омад.

Барномаи навсозӣ имкон медиҳад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат фондҳои асосӣ аз нав карда, таҷҳизоти кўҳна ба таҷҳизоти каммасрафи муосир иваз карда шуда, иқтидорҳои истеҳсолии корхона барқарор ва дар солҳои наздиктарин истеҳсоли алюминий ба қадри назаррас зиёд карда шавад. Барнома аз инҳо иборат аст:

  1. Навсозӣ дар серияи 1-ум (иморатҳои 1 ва 2) бо иқтидори 80 ҳазор тонн дар як сол. Пас аз навсозӣ серияи 1-ум бо низоми таҳвили автоматии гилхок кор карда, ҳаҷми истеҳсоли алюминий аз ҳар кадом электролизёр дар як шабонарўз ба қадри 6-15% зиёд гашта, муҳлати миёнаи амали электролизер то 5 сол зиёд мегардад.
  2. Навсозии серияи 2-юм (иморатҳои 3 ва 4) бо насби 216 адад ваннаи электролиз бо иқтидори 240 кА ва иқтидори солонаи 140–142 ҳазор тонна алюминийи аввалия. Татбиқи лоиҳа дар ду давра бо насби 108 электролизёр бо иқтидори солонаи 70 ҳазор тонна алюминийи аввалия дар ҳар кадом давра.
  3. Навсозии серияи 5-юм (иморатҳои 9 ва 10) ва серияи 6-ум (иморатҳои 11 ва 12)-и корхонаи алюминийбарории тоҷик бо васл ва корандозии ваннаҳои электролизи нави иқтидораш 255 кА ба теъдоди 432 адад, 216 ванна дар ҳар кадом серия. Хатроҳаи истеҳсолии электролизӣ пурра автоматонӣ шуда иқтидори он 300 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Навсозии истеҳсолоти электролиз дар се давра роҳандозӣ мегардад:

  • давраи аввал – насби 122 электролизёр бо истеҳсоли солонаи 80 ҳазор тонна алюминийи аввалия;
  • давраи дуввум – насби 94 электролизёр бо истеҳсоли 70 ҳазор тонна алюминийи аввалия дар як сол;
  • давраи севвум — насби 216 электролизёр бо истеҳсоли 150 ҳазор тонна алюминийи аввалия дар як сол.

Агар дар айни замон неруи барқи истеъмолшаванда дар ваннаҳои 160 ва 175 кА корхона 22,5 ҳазор кВт ташкил диҳад, дар ваннаҳои электролиизии нав, ки ҷавобгў ба стандартҳои баланди байналмилалианд, дар серияи 1-ум ин нишондиҳанда то 14,9 кВт, дар серияи 2-юм — 13,9 кВт, дар серияҳои 5 ва 6 то 13,5 ҳазор кВт коҳиш меёбад. Ба ғайр аз неруи барқ сарфаи ҷиддии намудҳои асосии ашёи хом  — гилхок, криолит, фториди алюминий ва анод ба амал меояд. Масрафи умумӣ зимни истеҳсоли 1 тонна алюминий пас аз ҷорӣ шудани технологияи нав 300 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Илова бар он 1,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Москва маросими ба имзогузории Созишнома дар хусуси ҳамкорӣ дар бахши саноати Алюминий байни Бонки ВТБ ( ҷамъияти саҳҳомии оммавӣ) ва КВД (имрўз ҶСК) “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) ба имзо расид. Тибқи созишнома ВТБ ба сифати ҳамкори молиявии дарозмўҳлат оид ба таҳвили гилхок баромад мекунад. Ҳаҷми таҳвили гилхок то 200 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Бонки ВТБ дар доираи ҳамкории тарафҳо ҳамчунин имкони иштирок карданро дар омода кардан ва фурўши лоиҳа оид ба навсозии истеҳсолоти ҶСК «ТАЛКО», ки ивазкарди ваннаҳои электролизӣ, такмили технологияҳои истеҳсолӣ, инчунин баланд бардоштани сифати маҳсулоти корхонаи алюминийи тоҷик шомили он аст, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Гуфтушунидҳо бо ширкатҳои лоиҳакашии «Fives Solios» (Франсия) ва «Riedhammer» (РХ, Германия) бобати амалӣ намудани тармими мукаммал ва навсозии сехи анодпазӣ дар марҳилаи фаъол қарор дорад. Барои маблағгузории лоиҳа  Credit Suisse Bank (Швейцария) ва  Бонки Рушди Осиё  ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Goldman Sachs (ИМА), Бонки савдою саноати Чин (ICBC) ва Halyq Bank (Халик банк, Қазоқистон) ҳам бобати маблағгузории барномаҳои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи алюминбарории тоҷик ва низ лоиҳаҳои инвеститсионии ҷудогонаи ТАЛКО ҳавасмандӣ намуданд.

Январь 25, 2020 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд