«ИН ОТАШИ САДАРО РАВШАН КУНЕД, ЭЙ ДӮСТОН!». Адибони тоҷик роҷеъ ба Сада, ин ҷашни бостонии ниёгон бо муҳаббат менависанд

Январь 24, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 24.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин чанд соли охир баробари эҳё шудани ҷашни Сада шоирону нависандагону олимон, журналистону навқаламон- ҳар касе, ки ошиқи фарҳанги ниёгон аст, ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва Ялдоро ситоиш менамоянд. Олимон дар бораи Сада мақолаҳои илмӣ таълиф менамоянд. Адибон бо муҳаббат роҷеъ ба Сада менависанд.

Олимону нависандагон дар нигоштаҳои хеш маъно ва мафҳуми ин ҷашни табиии хуршедиро, ки аз шаби чилла (Ялдо) оғоз шуда, ба самти Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон меравад ва ҳамин тавр ҳар сол бо рангу бӯи дигар такрор мешавад, шарҳ медиҳанд. Ҳамаи ин ҷашнҳоро, ки бо Хуршеди оламтоб ва равшании он вобаста аст, мегӯянд, менависанд, меситоянд ва месароянд.

Аз ҷумла, яке аз ошиқони ҷашни Сада бо номи Равшангар барои хонандагони АМИТ «Ховар» шеъре пешниҳод намудааст, ки манзур менамоем:

САДА ОМАД, САДА ОМАД

Сада омад, Сада омад,

Ба ҳар хона нур даромад.

Чилрӯза шуд Офтоби мо,

Гулхан занед, ки баромад.

Нақарот:

Гулхан кунед, эй дӯстон,

Гулшан кунед, эй дӯстон.

Ин оташи Садаро,

Равшан кунед, эй дӯстон.

Сада омад, Сада омад,

Ба табиат ҷон даромад.

Аз баракати ин Офтоб,

Сабзаҷон сар  баровард.

Нақарот:

Гулхан кунед, эй дӯстон,

Гулшан кунед, эй дӯстон.

Ин оташи Садаро,

Равшан кунед, эй дӯстон.

Сада омад, Сада омад,

Барои ҳар банда омад.

Нури Хуршедро бубинед,

Ба ҳар хона ханда омад.

Нақарот:

Гулхан кунед, эй дӯстон,

Гулшан кунед, эй дӯстон.

Ин оташи Садаро,

Равшан кунед, эй дӯстон.

Деҳқонбобо шод бишуд,

Барфо кам-кам об бишуд.

Бо дидани Офтобак,

Аҳриман ҳам хоб бишуд.

 Нақарот:

Гулхан кунед, эй дӯстон,

Гулшан кунед, эй дӯстон.

Ин оташи Садаро,

Равшан кунед, эй дӯстон.

Январь 24, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд