«IRS»: ЭҲТИЁТ! Бинобар барфрезии сахт ва тармафароӣ ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи дирӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва тармафароии зиёд, ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт ба воситаи роҳи мошингарди Душанбе—Чаноқ муваққатан қатъ карда шуд. Айни ҳол бориши барф ва фаромадани тарма дар масири роҳ идома дошта, шурӯъ аз километри 31-ум ҳолати роҳ нигаронкунанда аст. Ҳоло бартарафсозии паёмадҳои тармафароӣ идома дошта, роҳбарияти филиали Ширкат, масъулини Вазорати нақлиёт, раёсати БДА ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа қарор доранд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Бино ба иттилои Далери Абдулло, бориши барф дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҳафтаи гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Дар робита ба ин, кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” фавран тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, имконияти мавҷуда самаранок истифода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мушкилӣ асосан дар километри 48-73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар он ҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба тоза кардани роҳ шурӯъ карда, онро бо моддаҳои зиддилағжиш коркард менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар аксар қитъаҳои роҳи Душанбе – Чаноқ баландии барф зиёд буда, дар ҳолати зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар навбати аввал ба бехатарии ронандагону мусофирон рабт дорад.
Роҳбарияти филиали ширкат таъмини бехатарии шаҳрвандонро аз ҳама болотар дониста, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҳаёти ронандагон ва мусофирон ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро муваққатан бозмедоранд.
Дар робита ба ин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки муқаррароти аз ҷониби филиали ширкат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, Вазорати нақлиёт, БДА ВКД ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷоришударо ба эътибор гиранд ва худро эҳтиёт кунанд.
Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдоми мазкур, ки идомаи мантиқии корҳои амалишуда дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи зикршуда маҳсуб мешавад, бо ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард,- изҳор дошт сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло.
Баробари кушода шудани роҳ маълумот иловатан пешниҳод мегардад.









Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид






