Китобхонаи Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон бо асарҳои тозанашри бачагона ва адибони классику муосир ғанӣ гардонида шуд

Январь 25, 2020 11:09

БАЛҶУВОН, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон китобхона фаъолият дорад, ки сокинон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд. Китобхона дорои теъдоди зиёди адабиёт ва толори хониш мебошад. Тавре корманди китобхона Ҷамила Алиқулова иттилоъ дод, Ҷиғагул Азизова хонандаи фаъоли китобхона буда, ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» омодагӣ мегирад. Ӯ то имрӯз адабиёти зиёдеро мутолиа кардаасту  мехоҳад дониши худро васеъ намуда, дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ  сазовори ҷои ифтихорӣ гардад.

Ба гуфти Ҷиғагул Азизова, имрӯз хонандагон бояд бештар ба китобхонаю китобхонӣ рӯ оваранд, зеро танҳо шахси бодонишу ҳушманд метавонад дар пешрафти мамлакати худ саҳм гузорад. Аксари хонандагони муассиса таътили зимистонаро дар ин китобхона гузарониданд. Зеро ба китобхона асарҳои тозанашри бачагона ва адибони классику муосир оварда шудаанд. Акнун хонандагон имкон доранд дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ  иштирок кунанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019  роҳандозӣ гардид, самараи хуб ба бор овард ва ҳазорон нафар сокинони мамлакат дар пайравии он ба хондани китобу аз ёд кардани шеъру достонҳо шурӯъ карданд.

Дар Паёми навбатии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили китобхонаҳо ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти онҳо дар ҳамаи ташкилоту корхона ва муассисаҳо ва ҳамасола   идома додани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» сухан гуфтанд.

Ба иттилои манбаъ, хуб мешуд ҳамин гуна китобхонаҳо дар ҳамаи деҳаҳо ташкил карда шаванд, то сокинон ба китоб дастрасии бештар пайдо кунанд.

Январь 25, 2020 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид