Китоби олимони иқтисодшиноси тоҷик дар Германия ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 05.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Китоби докторони илми иқтисод, профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷимаҳмад Умаров бо номи «Аграрный сектор экономики: пути перехода к устойчивому развитию» («Бахши кишоварзии иқтисодиёт: роҳҳои гузариш ба рушди устувор»), ки соли ҷорӣ дар нашриёти LAMBERT ACADEMIC PUBLISHING-и Ҷумҳурии Федеративии Германия нашр шуд, мавриди истиқболи гарми муштариён қарор гирифт, хабар медиҳад ҳафтаномаи «Омӯзгор».
Дар саҳифаи аввали ин китоби пурарзиш дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки айни замон муаллифон дар ин муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, маълумот ва аксҳо ҷойгир карда шудааст.
«Мавриди зикр аст, ки профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷимаҳмад Умаров ба қатори беҳтарин олимон ва 200 ҳазор нафар беҳтарин муаллифоне, ки китобҳои худро дар сатҳи байналмиллалӣ мунташир намудаанд, дохил гардидаанд», — навиштааст ҳафтаномаи «Омӯзгор».








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






