Китоби олимони иқтисодшиноси тоҷик дар Германия ба нашр расид

Январь 5, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 05.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Китоби докторони илми иқтисод, профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷимаҳмад Умаров бо номи «Аграрный сектор экономики: пути перехода к устойчивому развитию» («Бахши кишоварзии иқтисодиёт: роҳҳои гузариш ба рушди устувор»), ки соли ҷорӣ дар нашриёти LAMBERT ACADEMIC PUBLISHING-и  Ҷумҳурии Федеративии Германия  нашр шуд, мавриди истиқболи гарми муштариён қарор гирифт, хабар медиҳад ҳафтаномаи «Омӯзгор».  

Дар саҳифаи аввали ин китоби пурарзиш  дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки  айни замон муаллифон дар ин  муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, маълумот ва аксҳо ҷойгир карда шудааст.

«Мавриди зикр аст, ки профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷимаҳмад Умаров ба  қатори беҳтарин олимон ва 200 ҳазор нафар беҳтарин муаллифоне, ки китобҳои худро дар сатҳи байналмиллалӣ  мунташир намудаанд, дохил гардидаанд», — навиштааст  ҳафтаномаи  «Омӯзгор».

Январь 5, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид