Кормандони милитсия ду ҳодисаи одамкуширо таҳқиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ, тахминан соати 15:20, миёни марди 41-солаи сокини Ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва ҷавонписари 21-сола, истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия дар манзили зисти аввалӣ муноқиша сар мезанад. Марди 41-сола аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд 2 маротиба ба гардани ҷавон мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршуда дастгир карда шуд. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як марди 32-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
«Дастгиршуда 2 декабри соли 2019, тахминан соати 21:30, дар каҳвахонаи «Сабрина» дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 57-солаи сокини пойтахт ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад»,- афзуд манбаъ.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






