Кумитаи иҷроияи ИДМ: дар Тоҷикистон соҳаи кино зери таваҷҷуҳи ҷиддии Президент ва ҳукумати мамлакат қарор дорад
ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ ва дурнамои рушди кино зери таваҷҷуҳи ҷиддии Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, аз ҷониби онҳо дастгирӣ меёбад, менависад сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Кинои тоҷик ҳамчун институти иҷтимоию фарҳангӣ ба ташаккули худшиносии мардум таъсири калон мерасонад. Дар оянда ба навор гирифтани чунин филмҳои муосири бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ дар назар аст, ки дар онҳо гузашта ва имрӯз, масъалаҳои доғи рӯз, мушкилоти ҷомеаи муосир ва анъанаҳои неки халқи тоҷик воқеъбинона инъикос гарданд.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар заминаи киностудияи «Тоҷикфилм» ва корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамчун сохтори мустақил ташкил ёфтааст, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи кино амалӣ месозад. «Тоҷикфилм» аз ҳисоби буҷети давлатӣ филмҳои нави бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, бачагона ва аннимиатсиониро ба маърази тамошобинон гардонида аст.
Дар зарфи чанд соли охир саноати кино дар Тоҷикистон ба сатҳи нави рушд баромад, сифати истеҳсол, мазмуну мундариҷаи филмҳо беҳтар гардиданд. Аз ҷумла, чунин филмҳо — «Оинаи бе ҷило» , « Гунҷишкаки сафед», «Хоби маймун», «Муаллим», «Таксӣ», «Пуфаки ҳавоӣ», «Бархӯрд» ва «Ҷидду ҷаҳд» дар кинофестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳои гуногун гардиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатии мақсаднок қабул ва амалӣ гардиданд. Онҳо ба беҳтар гардидани сифати истеҳсол ва ба намоиш гузоштани филмҳо равона шудаанд.
ДАР АКС: лаҳзаи банаворгирии филми «Оинаи бе ҷило»-и коргардон Носир Саидов. Акс аз бойгонӣ.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






