Кумитаи иҷроияи ИДМ: дар Тоҷикистон соҳаи кино зери таваҷҷуҳи ҷиддии Президент ва ҳукумати мамлакат қарор дорад

Январь 16, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ ва дурнамои рушди кино зери  таваҷҷуҳи  ҷиддии Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, аз ҷониби онҳо дастгирӣ меёбад, менависад сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Кинои тоҷик ҳамчун институти иҷтимоию фарҳангӣ ба ташаккули худшиносии мардум таъсири калон мерасонад. Дар оянда ба навор гирифтани чунин филмҳои муосири бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ дар назар аст, ки дар онҳо гузашта ва имрӯз, масъалаҳои доғи рӯз,  мушкилоти ҷомеаи муосир ва анъанаҳои неки халқи тоҷик воқеъбинона инъикос  гарданд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар заминаи киностудияи «Тоҷикфилм» ва корхонаи  воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамчун сохтори мустақил ташкил ёфтааст, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи кино амалӣ месозад.  «Тоҷикфилм»  аз ҳисоби буҷети давлатӣ филмҳои нави бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, бачагона ва аннимиатсиониро ба маърази тамошобинон гардонида аст.

Дар зарфи чанд соли охир саноати кино дар Тоҷикистон ба сатҳи нави рушд баромад, сифати истеҳсол, мазмуну мундариҷаи филмҳо  беҳтар гардиданд. Аз ҷумла, чунин филмҳо — «Оинаи бе ҷило» , « Гунҷишкаки сафед», «Хоби маймун», «Муаллим», «Таксӣ», «Пуфаки ҳавоӣ», «Бархӯрд» ва «Ҷидду ҷаҳд» дар кинофестивалҳои байналмилалӣ  сазовори ҷоизаҳои гуногун  гардиданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатии мақсаднок қабул ва амалӣ гардиданд. Онҳо ба беҳтар гардидани  сифати истеҳсол ва ба намоиш гузоштани филмҳо равона шудаанд.

ДАР АКС: лаҳзаи банаворгирии филми «Оинаи бе ҷило»-и коргардон Носир Саидов.  Акс аз бойгонӣ.

Январь 16, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон зиёда аз 21 навъи маводу масолеҳи тармимгарӣ омода карда мешавад
ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — ДАСТУРАМАЛ ВА РОҲНАМО. Дар Душанбе ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ризо Солеҳии Амирӣ: «Аз ҳар муваффақияти Тоҷикистон ҳушҳолу сарфароз мешавем»
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази пажуҳишии Шурои исломии Эрон ҳамкорӣ дар самти таҳқиқотро густариш медиҳанд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Аҳли илму адаби Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон баррасӣ гардид
«Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» гардиданд
Дар Душанбе робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Дар Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд