Мусофирони автобусе, ки дар вилояти Тюмени Россия ба садама дучор гардид, 35 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи мусофирони автобусе, ки имрӯз дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Тоболски вилояти Тюмен ба садама дучор гардид, шаҳрвандони Тоҷикистонанд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».
Садамаи нақлиётӣ рӯзи душанбе дар километри 266-уми шоҳроҳи федералии Тюмен-Ханти-Мансийск бо бархӯрди автобус ва мошини сабукрави Isuzu рух дод.
Тибқи иттилои Бозрасии давлатии автомобилии вилояти мазкур, ронанда ва мусофири мошини боркаш ба ҳалокат расида, ҳафт мусофири автобус зарари ҷисмонӣ бардоштаанд.
«Тибқи маълумот дар автобус 35 нафар мусофир, аз ҷумла панҷ нафар кӯдак будаанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд», — хабар медиҳад агентии Россия.
Инчунин зикр гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҷойи ҳодиса ба таври баръакс сурат мегирад. Дар ҷои ҳодиса нозирон ва наҷотдиҳандагон кор мекунанд. Онҳо бояд тамоми ҷузъиёти садамаро муайян кунанд. Ҳаракати бемамониати мошинҳо дар шоҳроҳи федералӣ таъмин карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






