Намояндаи ҶДММ «Рухом» Эраҷ Мунавваров — ғолиби ҷойи якуми Озмуни шаҳрии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг»
ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маросими ҷамъбасти Озмуни шаҳрии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҶДММ «Рухом» Эраҷ Мунавваров бо гирифтани 276 хол ба ҷойи якум мушарраф гардид. Намояндаи ноҳияи Фирдавсӣ
аз ҶДММ «Асрори санг» Шарифи Далер бо гирифтани 269 хол ҷойи дуюм ва ҳунарманд аз ноҳияи Фирдавсӣ Покизамоҳ Руҳуллоева бо 253 хол мақоми сеюмро ноил гардиданд.
Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» даври ҷамъбастии озмуни мазкур баргузор гардид.
Ҳамчунин ҳунармандон аз ноҳияи Фирдавсӣ Маҳмуд Бобоев ва намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҶДММ «Каром Гавҳар Нигор» Нурмуҳаммад Собиров барои иштироки фаъолонаашон дар озмун бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъбасти озмуни мазкур беҳтарин ҳунармандони соҳа аз чор ноҳияи пойтахт маҳсули дасти хешро манзури ҳакамон ва иштирокдорон намуданд.
Намояндагони кумитаи тадорукоти озмун аз намоиши омодакардаи ҳунармандони пойтахт дидан намуда, ба маҳорати ҳар кадоми онҳо баҳои сазовор доданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки озмуни мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иҷрои банди 19-и «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ шуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории озмун эҳёю рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани маснуот ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишии миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги ин ҳунари қадимӣ, ба он ворид намудани шаклу усулҳои муосир ва тарбияи насли нави ҳунармандони соҳа мебошад.
Ҳамзамон ин озмун барои ҳавасмандгардонӣ, ихтироъкорӣ, тақвияти фаъолияти пешбурди навоварӣ дар соҳа ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маснуоти аз сангҳои қиматбаҳою ороишии истеҳсолгардида равона гардидааст.
Дар фарҷоми маросим аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Хотиррасон мешавем, ки Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» тибқи низомнома, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, роҳандозӣ мегардад.
Озмуни мазкур дар се давр- ноҳиявӣ, вилоятӣ, инчунин ҷумҳуриявӣ доир мешавад.
Бояд гуфт, ки пагоҳ, 25 январ дар корхонаи “Зари Тоҷик”-и шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» сурат мегирад.
Дар он ғолибони ин озмун аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миёни ҳам сабқат менамоянд.












МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






