Намояндаи ҶДММ «Рухом» Эраҷ Мунавваров — ғолиби ҷойи якуми Озмуни шаҳрии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг»

Январь 24, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маросими ҷамъбасти  Озмуни шаҳрии «Ҳунарҳои ороишӣ  аз санг»  намояндаи  ноҳияи Исмоили  Сомонӣ аз ҶДММ  «Рухом» Эраҷ Мунавваров бо гирифтани 276 хол  ба ҷойи якум мушарраф гардид. Намояндаи  ноҳияи Фирдавсӣ
аз ҶДММ   «Асрори санг»   Шарифи Далер  бо  гирифтани 269 хол  ҷойи дуюм ва ҳунарманд аз ноҳияи Фирдавсӣ  Покизамоҳ Руҳуллоева бо 253 хол  мақоми сеюмро ноил гардиданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» даври ҷамъбастии  озмуни мазкур  баргузор гардид.

Ҳамчунин ҳунармандон  аз ноҳияи Фирдавсӣ  Маҳмуд Бобоев  ва намояндаи   ноҳияи Исмоили  Сомонӣ аз ҶДММ  «Каром Гавҳар Нигор» Нурмуҳаммад   Собиров  барои иштироки фаъолонаашон дар озмун  бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Тавре  мухбири АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, дар ҷамъбасти озмуни  мазкур беҳтарин ҳунармандони соҳа аз  чор ноҳияи пойтахт маҳсули дасти хешро манзури  ҳакамон ва иштирокдорон  намуданд.

Намояндагони кумитаи тадорукоти озмун  аз намоиши омодакардаи ҳунармандони пойтахт дидан намуда, ба маҳорати ҳар  кадоми онҳо баҳои сазовор доданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  зикр кард, ки   озмуни мазкур дар асоси  қарори  Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иҷрои  банди 19-и «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  тасдиқ гардидааст,  роҳандозӣ  шуд.

Таъкид гардид, ки  мақсад аз баргузории озмун  эҳёю рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани маснуот ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишии миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги  ин ҳунари қадимӣ, ба он ворид намудани  шаклу усулҳои муосир  ва тарбияи насли нави ҳунармандони соҳа мебошад.

Ҳамзамон  ин озмун барои ҳавасмандгардонӣ, ихтироъкорӣ, тақвияти фаъолияти пешбурди навоварӣ дар соҳа ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маснуоти аз сангҳои қиматбаҳою ороишии истеҳсолгардида равона гардидааст.

Дар фарҷоми маросим аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хотиррасон мешавем, ки Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» тибқи низомнома, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст,  роҳандозӣ мегардад.

Озмуни мазкур дар се давр- ноҳиявӣ,  вилоятӣ,  инчунин ҷумҳуриявӣ доир  мешавад.

Бояд гуфт, ки пагоҳ, 25 январ дар корхонаи “Зари Тоҷик”-и шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» сурат мегирад.

Дар он   ғолибони ин озмун аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  миёни ҳам сабқат менамоянд.

 

Январь 24, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд