Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши бесобиқаи китоб доир менамояд
ДУШАНБЕ, 30.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал Нашриёти «Адиб» дар бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш-фурӯши китоб доир менамояд.
Намоиш-фурӯши китоб аз ҷониби Нашриёти «Адиб» соли равон бори дуюм аст, ки баргузор мегардад. Ҳафтаи гузашта намоиш-фурӯши китоб дар ҳамин макон доир шуд, ки аз ҷониби харидорон бесобиқа унвон гардид.
Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «иқдоми мазкур барои дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои миллат равона гардидааст. Дар намоиш-фурӯши ҳафтаи гузашта 250 номгӯй китоб ба мизоҷон пешниҳод шуд, ки бештари онҳоро осори адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику форс ташкил медод».
Ба зикри номбурда, дар ин рӯз 10 ҳазор нусха китоб ба фурӯш рафт. Чунин бозори гарми китобро таърихи китобдориву китобфурӯшии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёд надорад. Барои дигар исбот гардид, ки миллати тоҷик китобдору китобхон мебошад.
Ба андешаи харидорон, нархи китобҳо аз дӯконҳои китобфурӯшӣ хеле фарқият дошт. Агар се ҷилди «Маснавӣ»-и Мавлоно дар китобфурӯшиҳо 60 сомонӣ арзиш дошта бошад, дар ин бозор 45 сомонӣ буд, ки ҳар яки он дар алоҳидагӣ 15 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Устоди факултети рӯзноманигориии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Моҳира Сафарзода, ки дар ин рӯз китоб мехарид, иброз намуд, ки «барои ман ин бозори китоб макони таърихӣ дониста мешавад. Зеро дар ин намоиш-фурӯш беҳтарин ганҷинаи осори ниёгон ва муосирро метавон ба нархи дастрас харидорӣ намуд. Ман имрӯз силсилаҷилди «Ахтарони адаб»-ро, ки осори классикии адабиёти тоҷику форс–аз Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро дар бар мегирад, бо нархи 15-20 сомонӣ харидам».
Давлат Сафар иброз намуд, ки «дар он рӯз барои харидорон се маротиба аз анбори Нашриёти «Адиб» китоб овардем. Ҷолибият он буд, ки дар даромадгоҳи бинои Театри давлатии опера ва балет ҷойи қаддаммонӣ набуд. Харидорони китоб тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеаро ташкил медоданд».
Моҳира Сафарова мегӯяд, ки ҳузури адибони маъруфи тоҷик дар ин бозори китоб барои харидорон маҳфили адабиро мемонд. Зеро дар баробари хариди китоб инчунин гирифтани соядаст ва суҳбати ҷолиб бо онҳо низ имкон дошт.
Мавриди зикр аст, ки китоб дар тамоми зиндагӣ ҳамсафари умри инсон буда, ҳамаи ҳодисаю воқеаҳоро дар худ таҷассум намудаву аз як насл ба насли дигар ба мерос гузоштааст.
Дар намоиш-фурӯши инҳафтаина «Девон»-у «Занони сабзбаҳор» («Марзи номус»)-и Гулрухсор Сафиева, «Девон»-и Шайх Камоли Хуҷандӣ бо нархи 22 сомонӣ, «Маснавӣ»-и Мавлоно бо нархи 15 сомонӣ (ҳар як ҷилд) ва асарҳои дигари адибони ниёгон ва муосир, аз қабили «Ахтарони адаб» аз Рӯдакӣ то Шоҳин дар 38 ҷилд бо арзиши аз 17 то 27 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.
Агар ин анъана минбаъд дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ доир гардад, мардуми мамлакат то андозае китобдор мешаванд. Зеро рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки намоиш-фурӯши навбатӣ 1 феврал, аз соати 08:00 то 13:00 идома меёбад. Ҳамчунин дар он иштироки нависандагону шоирони тоҷик дар назар дошта шуда, имконияти хуби суҳбати рӯ ба рӯ бо онҳост.








Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид






