Норак – макони ояндадори сайёҳӣ. Соли 2019 аз ин минтақа 13549 нафар дидан намуданд

Январь 25, 2020 11:27

ДУШАНБЕ, 25.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 ба шаҳри Норак 13549 нафар меҳмонон ва сайёҳон, аз ҷумла 12207 нафар меҳмонону сайёҳони дохилӣ ва 1349 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

«Мавқеи ҷуғрофии шаҳри Норак, фазои мусоиди экологӣ, обҳои мусаффо ва чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи атрофи он барои рушди сайёҳии экологӣ ва табобатию санаторӣ иқтидори воқеӣ дошта, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳолати хуб қарор дорад ва бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ бомаром идома дорад», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Норак 2 меҳмонхона, 9 минтақаҳои истироҳатӣ, 5 тарабхона, 1 осорхона, 28 ёдгориҳои таърихӣ, 12 нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, 3 гӯшаи фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 46 мавзеи сайёҳӣ, зиёда аз 58 минтақаи истироҳатӣ мавҷуданд. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соҳили дарёи Вахш сохтмони зиёда аз 80 иншооти фароғатӣ идома дорад.

Январь 25, 2020 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид