Оғози намоиши филми коргардони тоҷик Носир Саидов «Оинаи беҷило» дар 44 кинотеатри Чин
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси China Film Group Corporation аз 10 январи 2020 дар 44 кинотеатри Чин намоиши филми коргардони тоҷик Носир Саидов «Оинаи беҷило» оғоз гардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросими оғози намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Пекин Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода изҳор дошт, ки филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» «Оинаи беҷило» роҳи кинои тоҷикро ба бозори синамои Чин боз намуд.
Ин нахустин филми тоҷикӣ мебошад, ки пас аз баргузории Ҷашнвораи байналмилалии синамои Созмони ҳамкории Шанхай дар Чиндао (2018) дар саросари Чин ба намоиш гузошта мешавад.
Соли 2019 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Раёсати давлатии кинематографияи Чин дар соҳаи истеҳсоли кино созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда буданд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






