ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Январь 3, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 03.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳаво абрнок  ва тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.   Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  боридани  барф пешбинӣ шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 1-6 то 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 14-19  то 19 – 24 ва рӯзона аз 3-8 то 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз  самти ғарб бо суръати  4-9   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 1 200 метр барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.   Шамол аз самти  ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм   ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  0+5 ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1-6  дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Январь 3, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд