ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Январь 20, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 20.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани  барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 6-11 то 13-18 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 29-34 ва рӯзона 6-21 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, борон ва барф ба амал меояд. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 ва   рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок дар назар буда, борон ва барф меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 6-11 то 13-18 ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.

Январь 20, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд