ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда борон ва дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад

Январь 6, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 06.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  6-7 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти борон ва барф  пешбинӣ шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 2-7  дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 16-21  то 23 – 28 ва рӯзона аз 6-11 то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда,  борон ва барф меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол  аз  самти ғарб бо суръати  3-8   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва   рӯзона   0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борон ва барф меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.   Шамол аз самти  ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон ва  дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи бошиддат меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  0+5 ва рӯзона 3+8  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1-6  дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  Дар  баъзе ҳолатҳо борони  бошиддат дар назар аст.    Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 1+3  ва  рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

 

Январь 6, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад