ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани барф дар назар аст

Январь 17, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 17.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани барфи суст пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас буда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда буда, бе боришоти назаррас шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 6-11 дараҷа то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 хунук, дар шарқи вилоят шабона 30-35 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункул то 47-49 дараҷа хунук), рӯзона 15-20 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункул то 23-25 дараҷа хунук) мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, бе боришоти назаррас мебошад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 9-14 хунук то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда шуда, бе боришоти назаррас  буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад..

 

Январь 17, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд