ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани барфи суст пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда буда, бе боришоти назаррас шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 6-11 дараҷа то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 хунук, дар шарқи вилоят шабона 30-35 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункул то 47-49 дараҷа хунук), рӯзона 15-20 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункул то 23-25 дараҷа хунук) мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, бе боришоти назаррас мебошад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 9-14 хунук то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, бе боришоти назаррас буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад..








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






