ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Январь 4, 2020 08:17

ДУШАНБЕ, 04.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 3 то 5 январи соли 2020 дар хамиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор (Варзоб, Шаҳристон) ва минтақаҳои кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ  фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар роҳҳои нақлиётгарди минтақаҳои кўҳӣ пайдоиши қабати барф ва  яхбандӣ  аз эҳтимол дур нест.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 1-6 то 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 14-19  то 18 – 23 ва рӯзона аз 6-11 то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад.  Туман  мефарояд.  Шамол  аз  самти ғарб бо суръати  3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида шабона ва саҳар борон меборад.   Дар  баландиҳои зиёда аз 1 200 метр барф борида, дар  ноҳияҳо туман мефарояд.   Шамол аз самти  ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда  шуда,  шабона ва саҳар дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону  барф дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  0+5 ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  3-8  дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбанда  шуда,  шабона ва саҳар борони кӯтоҳмуддат меборад.  Рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, туман  мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то  1 дараҷа гарм ва  рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

 

Январь 4, 2020 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид