ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Январь 15, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 15.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. 15-16 январ дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ яхбандӣ, пайдоиши қабати барф ва ҷамъшавии барфтўдаҳо аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дурии биниш дар ағбаҳо то масофаи 300 метрро ташкил медиҳад. Инчунин  дар хамиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии  навоҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 5-10 то 13-18 ва рӯзона 1-6  дараҷа хунук  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  23-28 ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, туман мефарояд.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва   рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рӯзона 1-6 дараҷа хунук  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва  рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

Январь 15, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст