Ҳолати тармафароӣ дар километри 62 ва 69-и роҳи нақлиётии Душанбе-Айнӣ
ДУШАНБЕ, 02.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар сабаби бориши зиёди борон дар роҳҳои кӯҳӣ, хатари тармафароӣ ва сангрезиш боқӣ мондааст.
«Давоми як шабонарӯзи гузашта, дар километри 62 ва 69-уми роҳи нақлиётии Душанбе – Айнӣ ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Хадамоти роҳсозии «IRS» ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ кор бурда истодаанд», — зикр намуданд дар идораи наҷотдиҳӣ.
Дар КҲФ ва МГ ҶТ ҳамчунин иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар фасли сармо ва сари вақт мадад намудан дар ҳолатҳои фавқулода минтақаҳои тармафарои роҳҳо аз ҷониби кормандони наҷотдиҳии фаврӣ мунтазам нигоҳбонӣ карда мешаванд. Чунин тадбирҳо дар давраи ҳолатҳои фавқулода, ки хавфи боридани барфу сардиҳо пеш меояд, заруранд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба минтақаҳои хавфноки тармафаро худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
«Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳодисаи нохуш дар роҳҳо шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори хадамоти фаврии Кумитаи мазкур бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11» , — иброз намуданд дар Кумита.
Акс аз бойгонӣ








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






