Ҳолати тармафароӣ дар километри 62 ва 69-и роҳи нақлиётии Душанбе-Айнӣ

Январь 2, 2020 09:34

ДУШАНБЕ, 02.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар сабаби бориши зиёди борон дар роҳҳои кӯҳӣ, хатари тармафароӣ ва сангрезиш боқӣ мондааст.

«Давоми як шабонарӯзи гузашта, дар километри 62 ва 69-уми  роҳи  нақлиётии Душанбе – Айнӣ  ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Хадамоти роҳсозии «IRS» ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ  кор бурда истодаанд», — зикр намуданд дар идораи наҷотдиҳӣ.

Дар КҲФ ва МГ ҶТ ҳамчунин иброз доштанд, ки  бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар фасли сармо  ва  сари вақт мадад намудан дар ҳолатҳои фавқулода минтақаҳои тармафарои роҳҳо аз ҷониби кормандони наҷотдиҳии фаврӣ  мунтазам нигоҳбонӣ карда мешаванд.  Чунин тадбирҳо  дар давраи ҳолатҳои  фавқулода, ки хавфи боридани  барфу  сардиҳо пеш меояд, заруранд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз аҳолӣ бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба минтақаҳои  хавфноки тармафаро худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

«Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои  фавқулода  ё ягон ҳодисаи нохуш дар роҳҳо шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори хадамоти фаврии  Кумитаи мазкур бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11» , — иброз намуданд дар Кумита.

Акс аз бойгонӣ

 

Январь 2, 2020 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид