Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» пагоҳ муайян мегарданд

Январь 9, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф рӯзи дуюм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» ҷараён дорад. Маросими ҷамъбаст ва супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон  10 январ дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмун мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Ангома Атомамадова, мураббияи кӯдакистони №1-и шаҳр Розия Нурматова, мураббияи муассисаи томактабии №15-и шаҳри Конибодом Ойтилло Тағоева, мураббияи муассисаи томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи муассисаи томактабии №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова  қобилияти мураббигӣ, фаъолияти эҷодӣ, донишу маҳорати  касбӣ ва ҳунару маҳорати кории худро муаррифӣ намуда  истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявӣ дар сатҳи ноҳия ва вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар  ифтитоҳи озмун муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм  Рамазон Одиназода, ҳайати ҳакамон, кумитаи тадорукоти озмун ва ғолибони даври минтақавию вилоятӣ иштирок намуда буданд.

Тавре муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ иброз намуд, «мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ мебошад».

Зикр гардид, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии  муассисаи таълимии томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати  касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» ҳар сол гузаронида мешавад.

Январь 9, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз мегарданд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
Аввалин сомонаи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд карда мешавад
Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд