Қонун «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба имзо расид. Дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар парвариши ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда

Январь 6, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи парвариш ва ба фурӯш баровардани ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва ҳамешасабз дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 қадамҳои устувор гузошта, ба дастовардҳои чашмрас  ноил мегардад. Ин дар ҳолест, ки 2 январ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба имзо расид.

Муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ташаккули низоми ниҳолпарварӣ дар истеҳсол ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеҳсолкунандагони маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, бамеъёрдарории фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ ва мутобиқгардонии муносибатҳо вобаста ба пешбурди соҳа ба талаботи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон-  ҳадафҳои асосии қонун мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»  аз 5 боб ва 20 модда иборат буда, масъалаҳо роҷеъ ба идоракунии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ, аз қабили танзим ва дастгирии давлатии соҳаи ниҳолпарварӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори  давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарварӣ, инчунин суғуртаи субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳаи ниҳолпарвариро ба танзим медарорад.  Боби 3 ташкили низоми ниҳолпарварӣ, парвариш, назорату фурӯши онҳо, баҳисобгирӣ, воридоту содирот ва сертификатсияи лавозимоти киштшаванда ва ниҳолҳо, боби 4 бунёди боғҳо, мониторинг, гузаронидани кадастр ва аз ҳисоб баровардану решакан кардани онҳоро дар бар мегиранд.

Бояд зикр кард, ки танзими ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ниҳолпарварӣ имконият медиҳад, ки дар мамлакат баробари истифодаи оқилонаи фонди генетикии навъҳо барои ба вуҷуд овардани навъҳои дорои хусусиятҳои хуби биологию хоҷагидорӣ нигоҳдории гуногунии биологии ниҳолҳо, аломату хусусиятҳои беҳтарини навъҳои маҳаллӣ ва ояндадор ҳифз карда шавад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эраҷи Талаб гуфт, алҳол дар ҷумҳурӣ 13 хоҷагии давлатии ниҳолпарварӣ фаъолияти густурда доранд. Мавсуф афзуд, ки хоҷагии  ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав, хоҷагии ниҳолпарварии «Искич»-и шаҳри Ҳисор,  хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  хоҷагии ниҳолпарварии  ба номи Ғайбулло  Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва хоҷагии ниҳолпарварии «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён аз хоҷагиҳои  давлатии  ниҳолпарварии фаъол ва муваффақ дар масъалаи парвариш ва ба фурӯш баровардани ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва  ҳамешасабз  дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки татбиқи як зумра барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ин бахш ба соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил ёфта, барои афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки дар  тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабзу ороишӣ корҳои сабзазоркунӣ ва хуррамсозӣ, ҳусусан ниҳолшинонӣ дар партави омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.

Январь 6, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид