Пагоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Сада мутантан таҷлил мегардад

Январь 25, 2020 11:40

 ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада доир мегардад. Дар  тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техника-олоти кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ,   ҳунарҳои мардумӣ, ярмака-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида мешаванд.

Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷашни Сада ҳунармандон бо барномаҳои фарҳангии худ хотири иштирокдоронро шод мегардонанд. Ҳамчунин  дар макони баргузории ҷашн гулхан афрӯхта, ҷавонон намудҳои варзиши миллиро пешниҳоди мардум мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки Сада аз қадимтарин ҷашнҳои  мардуми  тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст.  Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Акс аз бойгонӣ

Январь 25, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд