Парвиз Давлатзода бо роҳбарият ва олимони Пажӯҳишгоҳи Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Чин мулоқот намуд

Январь 15, 2020 15:41

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарият ва олимони Пажӯҳишгоҳи Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин баргузор гардид. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот Парвиз Давлатзода роҷеъ ба натиҷаҳои асосии рушди устувори Тоҷикистон, таҳаввулоти назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон изҳори назар намуд. Таъкид гардид, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, натиҷаи иродаи қавӣ ва хирадмандии мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мебошад.

Гузашта аз ин, Сафир дар бораи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё низ изҳори назар намуд. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкории доираҳои академикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Акс аз ВКХ ҶТ

Январь 15, 2020 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид