«Паём – дастур ва роҳнамои имрӯзу фардо». Таҳти чунин унвон ҷаласаи кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо ва дастури амиқу дақиқ барои фаъолияти ҳар корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи мероси таърихӣ-фарҳангии мамлакати азизамон нақши муҳим дорад. Ин нуктаро имрӯз муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар ҷаласаи васеъ таҳти унвони «Паём – роҳнамои имрӯзу фардо», ки миёни кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид, зикр намуд.
Сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамоиш бо мақсади омӯзиш, натиҷагирӣ ва баҳрабардорӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, доир гардид.
Ходимони илмии Осорхона андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта, зикр намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои асосии Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода аз кормандон даъват ба амал овард, ки барои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ баргузор намудани намоишҳо, ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷалби ҳарчи бештари меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Осорхонаро мавриди омӯзиш ва баҳрабардории пайваста қарор диҳанд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






