«Паём – дастур ва роҳнамои имрӯзу фардо». Таҳти чунин унвон ҷаласаи кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт

Январь 10, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 10.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун роҳнамо ва дастури амиқу дақиқ барои фаъолияти ҳар  корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи мероси таърихӣ-фарҳангии мамлакати азизамон нақши муҳим дорад. Ин нуктаро имрӯз муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар ҷаласаи васеъ таҳти унвони «Паём – роҳнамои имрӯзу фардо», ки  миёни кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид, зикр намуд.

Сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, ки ҳамоиш бо мақсади омӯзиш, натиҷагирӣ ва баҳрабардорӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид,  доир гардид.

Ходимони илмии Осорхона андешаву бардоштҳои хешро аз Паём иброз дошта, зикр намуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои асосии Паёми Сарвари давлат тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳанд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода аз кормандон даъват ба амал овард, ки барои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ баргузор намудани намоишҳо, ташвиқу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷалби ҳарчи бештари меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Осорхонаро мавриди омӯзиш ва баҳрабардории пайваста қарор диҳанд.

Январь 10, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид