Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

Январь 24, 2020 15:31

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда дар як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Рӯзи 20 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси васеъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар фаъолияти роҳбарону масъулини як қатор вазорату идора, сохторҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат баъзе камбудиву норасоиҳоро ошкор намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиву мушкилоти соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, ислоҳи онро дар муҳлати муайяншуда талаб намуданд.

Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ректорони як қатор муассисаҳои олии таълимӣ аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Сардори шуъбаи рақами 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара, Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Сардори Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардорони шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон, Сардори қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, Сардори шуъбаи рақами 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба вазифаҳо таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои таъиншуда ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани самаранокии фаъолияти вазорату идораҳо, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини зиндагии шоистаи мардум, боло бурдани иқтидори молиявию иқтисодии давлат, ҷалби сармояи хориҷӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таъмини амнияту тартибот зимни баргузории чорабиниҳои муҳим дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироагардида, ки раҳнамои кории ҳар як вазорату идора ва ҳар як шаҳрванд мебошад, супоришҳои мушаххас доданд.

Таъиноти кадрӣ 24.01.2020

Январь 24, 2020 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд