Сафири ҶМЧ Лю Бин: «Донишҷӯёни донишгоҳҳои Чин забони тоҷикиро муваффақона меомӯзанд»

Январь 23, 2020 16:58

ДУШАНБЕ, 23.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар донишгоҳҳои Чин, аз қабили Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин, Донишгоҳи забонҳои хориҷии Шанхай ва Донишгоҳи миллии Пекин донишҷӯён забони тоҷикиро муваффақона меомӯзанд. Дар ин бора имрӯз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иброз дошт.

Лю Бин бо дахл ба масъалаи  ҳамкории гуманитарӣ ёдовар шуд, ки ҳоло дар Чин 3500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд. «Тибқи мушоҳидаҳои ман, забони чинӣ низ дар байни тоҷикон маъмул аст», — тазаккур дод ӯ.

Сафири Чин дар Тоҷикистон илова намуд, ки солҳои охир муносибатҳои байни  ду кишвари ҳамсоя ва дӯст  дар бисёр самтҳо ба таври назаррас густариш ёфтанд. Гардиши мол байни Чин ва Тоҷикистон аз 2,75 миллион доллари соли 1992 то ба 660 миллион доллар дар соли гузашта расид.

Ба гуфтаи Лю Бин, соли 2019 Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи 210 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Зикр гардид, ки дар ояндаи наздик Маркази фарҳангии Чин дар Душанбе ва Маркази фаҳангии Тоҷикистон дар Пекин ифтитоҳ хоҳанд ёфт. Айни замон дар ин самт гуфтушунидҳо идома доранд.

Январь 23, 2020 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд