Сафири Тоҷикистон аз устони Систон ва Балучистони Эрон дидан кард

Январь 6, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 1 январи соли 2020 ба устони Систон ва Балучистони Эрон сафари корӣ анҷом дод, ки ҳадаф аз он баррасии масъалаҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва огоҳӣ аз вазъи будубоши ҳамватанони мо дар ин минтақа иборат буд.  

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот бо муовини Раиси устони Систон ва Балучистон Алии Зайниванд ҷонибҳо доир ба  тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба ва нақши бандари Чобаҳор дар ин раванд табодули назар намуданд. Ҳамзамон зарурати истифода аз имконоти ду давлат дар соҳаи гардишгарӣ таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо сарвари ҳавзаи илмии аҳли суннати  устони Систону Балуҷистон, имоми ҷумъаи масҷиди Маккии  Зоҳидон ва раиси Дорулулуми Маккии ин шаҳр  мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ мулоқот кард. Зимни он масъалаи мутобиқати  таҳсили динии шаҳрвандони тоҷик дар мадрасаҳои ҳавзаи илмии устони Систону Балучистон ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар идомаи сафари корӣ вохӯрии Сафир бо толибилмони тоҷики мадрасаи Маккӣ доир гардид, ки дар рафти он роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо ишора ба дастовардҳои кишварамон дар татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии Пешвои миллат, зарурати пайвастани толибилмони мадрасаи мазкурро, ки ба тариқи ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, ба раванди созандагиву бунёдкорӣ дар Ватан таъкид намуд.

Дар фарҷоми сафари корӣ нишасти Сафир бо аъзои Утоқи бозаргонӣ, тиҷорат, саноат ва маодини устони Систону Балучистон баргузор гардид. Дар он оид ба зарфияту тавонмандиҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва транзитии устони мазкур ва Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифта, мулоҳизаву пешниҳодоти судманд ҷиҳати роҳандозии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ садо доданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Январь 6, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд