Сафири Тоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисодии Малайзия мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 январ дар Путраҷая мулоқотҳои Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин ибни Абдуллоҳ ва Вазири корҳои иқтисодии Малайзия Дато Сри Муҳаммад Азмин Алӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ ва Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин ибни Абдуллоҳ доир ба масъалаҳои тавсиа ва таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву омӯзишӣ, инчунин омодагӣ ба сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия табодули назар намуданд.
Дар поёни мулоқот даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Сарвазири Малайзия ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 18-20 июни соли 2020 дар Душанбе баргузор мегардад, тақдим гардид.
Инчунин 9 январ дар Путраҷая Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ дар мулоқот бо Вазири корҳои иқтисодии Малайзия Дато Сри Муҳаммад Азмин Алӣ тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар ва роҳҳои татбиқи онро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳар ду ҷониб таъкид намуданд, ки иқтидори саноативу зироатии Тоҷикистону Малайзия имкони афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ ва таҳкими равобити иқтисодиро фароҳам меоварад ва ҳар ду ҷонибро мебояд дар татбиқи он иқдом намоянд.
Аксҳои аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд






