Сарвазири Давлати Қатар Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Январь 14, 2020 12:38

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар Давҳа Сарвазир, Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Сафир даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Сарвазири Қатар барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 18-20 июни соли 2020 дар Душанбе баргузор мешавад, тақдим намуд. Сарвазири Қатар бо изҳори сипос даъватномаро пазируфт ва аҳаммияти Конфронси Душанберо дар ҷиҳати пешбурд ва татбиқи муштараки Ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи баланди робитаҳои дуҷониба масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дар дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Январь 14, 2020 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид