Шукурҷон Зуҳуров ва Андреас Протманн дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Германияро баррасӣ намуданд

Январь 23, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мулоқот намуд.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати немис оид ба фаъолияти Парлумони касбии мамлакат   маълумоти муфассал дода, гуфт, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои мо ба принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи майи соли 2016 бо Парлумони Ҷумҳурии Федеративии Германия гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод.   Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки шарики боэътимоди барномаи ҳамкорӣ баҳри рушди ин давлат мебошад.

«Мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Германия  ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад»,-афзуд Раиси Парлумони касбии мамлакат.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки самтҳои асосии ҳамкории байни кишварҳо- ин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои немисӣ, истеҳсол ва фурӯши сангҳои ороишии сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи техника ва технологияҳои муосир мебошанд.

Ҳамкории ду давлат дар соҳаи фарҳанг ва маориф босуръат рушд меёбанд, алахусус соли 2005 Ҳукумати Германия барои дастгирии таҳсилоти ҳатмии миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 5 миллион евро кумаки ройгон расонидааст.

Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии Ҳукумати Германия ба Тоҷикистон дар доираи ҳамкории техникӣ ва молиявӣ 100 миллион евроро ташкил додааст.

Хадамоти мубодилаи академии Германия дар ин самт фаъолона ширкат меварзад. Ҳамасола дар доираи ин барнома зиёда аз даҳҳо нафар донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаҳои худро дар Германия такмил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия- ин заминаи шартномавӣ -ҳуқуқии ҳарду давлат мебошад. Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Германия ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштарак имзо намудааст.

То имрӯз байни Тоҷикистон ва Германия 40 санади дуҷониба ба имзо расидаанд. Аз ин теъдод 30 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9 ададро созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 ададро изҳороти муштарак ташкил медиҳанд. Созишномаҳо соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд.

Дар мулоқот ҷониби Германия омодагии худро барои дастгирии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот дар доираи Стратегияи миллии миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2022 изҳор намуд.

Январь 23, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид