Шумораи сироятёфтагони коронавирус дар Чин ба 1287 нафар расид

Январь 25, 2020 10:27

ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи  сироятёфтагон аз навъи нави коронавирус дар Чин ба 1287 нафар расида, аз ин теъдод 41 нафар вафот кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба Кумитаи давлатии тандурустии Чин иттилоъ дод.

Қаблан дар бораи 830 бемор ва 26 фавтида расман иттилоъ расида буд.

«Ба ҳолати нимашаби 24 январ, дар 29 музофот ва шаҳр 1287 ҳодисаи тасдиқшудаи илтиҳоби шуш (пневмония) бар асари коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 237 кас дар ҳолати вазнин қарор доранд ва 41 каси дигар  (39 нафар дар музофоти Ҳубей, 1 нафар дар музофоти Ҳебэй, 1 тан дар музофоти Ҳейлонгҷян) вафот кардаанд», — гуфта мешавад дар гузориш.

Илова бар ин, 38 нафар бемороне, ки табобат гирифта буданд, аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Дар 20 музофот 1965 ҳодиса бо гумони коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Ин вирус дар 30 минтақаи Чин паҳн гардидааст.

Айни ҳол, 13 967 нафар, ки бо беморон робитаи наздик доштанд, таҳти назорати тиббӣ қарор доранд.

Берун аз қаламрави Чин панҷ ҳолати сироят дар Ҳонконг, ду ҳолат дар Макао, се ҳолат дар Тайван, чор ҳолат дар Таиланд (ду бемор аллакай ҷавоб шудаанд), ду ҳолат дар Япония (як бемор ҷавоб шудааст), ду ҳолат дар Кореяи Ҷанубӣ, ду ҳолат дар ИМА, се ҳолат дар Ветнам, се ҳолат дар Сингапур, як ҳолат дар Непал ва ду ҳолат дар Франсия ба қайд гирифта шудаанд.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмония)-и номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин кишвар хабар доданд. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад.

Январь 25, 2020 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд