Собиқадори меҳнат Зайтуна Қаландарова дар навсозии 6,5 км роҳ ва бунёди кӯдакистон дар ноҳияи Панҷ саҳм мегузорад
ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, собиқадори меҳнат Зайтуна Қаландарова тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар навсозии 6,5 км роҳи маҳаллӣ ва бунёди кӯдакистон саҳм гузорад. Дар ин бора мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода ба аёдати Зайтуна Қаландарова ба ноҳияи Панҷ омада, аз аҳволи ӯ хабардор гардиданд.
Зимни суҳбат Зайтуна Қаландарова ба муовини раиси вилоят иброз дошт, ки сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, меҳоҳад дар ободонии маҳалли зисташ саҳм гузорад.
Муовини раиси вилоят ин ташаббуси Зайтуна Қаландароваро намунаи барҷастаи як шаҳрванди соҳибватану ободгар ва
пайрави воқеии Пешвои миллат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин иқдоми наҷиби ӯ барои дигарон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки З. Қаландарова аз ҷумлаи бонувони фаъоли ноҳия буда, солҳои зиёд дар мақомҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ хизмат кардааст.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






