Собиқадори меҳнат Зайтуна Қаландарова дар навсозии 6,5 км роҳ ва бунёди кӯдакистон дар ноҳияи Панҷ саҳм мегузорад

Январь 16, 2020 13:41

ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Панҷи  вилояти Хатлон,  собиқадори меҳнат Зайтуна Қаландарова тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар навсозии   6,5 км роҳи маҳаллӣ ва  бунёди кӯдакистон саҳм гузорад. Дар ин бора  мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва  сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода  ба аёдати Зайтуна Қаландарова ба  ноҳияи Панҷ омада, аз аҳволи ӯ хабардор гардиданд.

Зимни суҳбат  Зайтуна Қаландарова  ба муовини  раиси вилоят   иброз дошт, ки  сиёсати  созандаю бунёдкоронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, меҳоҳад дар ободонии маҳалли зисташ саҳм гузорад.

Муовини раиси вилоят ин ташаббуси Зайтуна Қаландароваро  намунаи барҷастаи як шаҳрванди соҳибватану ободгар ва
пайрави воқеии Пешвои миллат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки  ин иқдоми наҷиби ӯ барои дигарон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки З. Қаландарова аз ҷумлаи бонувони фаъоли ноҳия буда, солҳои зиёд дар мақомҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ хизмат кардааст.

Январь 16, 2020 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид