Солеҳа Холмаҳмадзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Конференсияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳриТурсунзода яке аз муовинони Раиси шаҳри Турсунзода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаиТурсунзода №5 пешбарӣ гардид.
Дар конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси номояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаи Турсунзода №5 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори он аз 270 вакил 265 нафар иштирок доштанд. Тибқи қарори конференсия номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии интихоботии якмандатаи Турсунзода №5 муовини Раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода пешбарӣ гардид.
Солеҳа Холмаҳмадзода 27 июли соли 1976 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро бо ихтисоси муҳандис-технолог-механик ва соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Номбурда фаъолияти меҳнатиро аз раиси Созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз карда, дар ҳайати мушовараи Адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомӯз, аъзои ҳайат, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи И. Сомонӣ, мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ ва адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ – таҳқиқотии технологии «МИСиС» ифои вазифа намудааст.
Аз июни соли 2015 инҷониб ҳамчун муовини раиси шаҳри Турсунзода оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият мекунад.
Соли 2019 Солеҳа Холмаҳмадзода бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.










Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






