Соли 2019 дар ноҳияи Рашт ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 400 миллиону 341 ҳазор сомониро ташкил намуд

Январь 8, 2020 15:43

ДУШАНБЕ, 08.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дар ноҳияи Рашт ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 400  миллиону 341 ҳазор сомониро ташкил намудааст,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 937  ҳазор  сомонӣ  зиёд мебошад.  Дар ин бора аз шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ин сол  хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 1312 гектар  картошка кишт намуда, аз он  46028 тонна картошка истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018 1373 тонна зиёд аст. Ҳамчунин кишоварзони ноҳияи Рашт дар баробари истеҳсоли картошка соли 2019 боз  5891 тонна ғалладонагӣ, 10515 тонна сабзавот, 18075 тонна мевагӣ  ва 82955 тонна хӯроки чорво  ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар ноҳияи Рашт  2935 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ  фаъолият менамоянд. Давоми соли 2019 73  гектар боғҳои нав бунёд ва дар майдони  213  гектар боғҳои кӯҳнаро барқарор намуданд. Инчунин  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 7278  гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд.

Соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 75600 сар, моли майда 166496 сар, асп 1486 сар, мурғ 117554 сар ва занбӯри асал 21122 оиларо ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта чорвои калони шохдор 3544 сар, моли майда 6826 сар, асп 28 сар, мурғ 3157 сар ва занбӯри асал 163 оила зиёд шудааст.

Истеҳсоли гӯшт соли 2019  ба 2979,9  тонна, шир ба 6599,8 тонна,  тухм ба 9 млн. 513,4  ҳазор дона, пашм ба 66,5  тонна, асал ба 526,3  тонна ва пилла ба 20,3 тонна расонида шуд.

Январь 8, 2020 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид