Соли 2020 тантанаҳои идонаи ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ доир мегарданд

Январь 9, 2020 15:13

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми тоҷик ҷашни фархундаи миллат – Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамасола ҳамчун муқаддастарин дастоварди таърихи навини худ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд. Тантанаҳои идонаи ҷумҳурияии Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ доир хоҳанд шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иброз намуданд, бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди мазкур дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ тақвият ёфта, сохтмони даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Дар робита ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ситоди вилоятӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили шоистаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузориш дода, зикр кард, ки дар ноҳия бунёди як зумра иншоот, аз ҷумла қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ, мактабу кӯдакистон, меҳмонхонаву биноҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва амсоли ин идома дорад. Тибқи нақша, дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар маҷмӯъ 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ноҳия қариб 200 иншооти гуногун сохта мешаванд.

Баробари мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, симои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳия боз ҳам зебо хоҳад шуд.

Январь 9, 2020 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд