Субҳон Кошонов имрӯз дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт

Январь 22, 2020 15:17

ДУШАНБЕ, 22.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Субҳон Кошонов, журналисти маъруф, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва  раиси кумитаи иҷроияи  Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» имрӯз дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.  

Субҳон Кошонов соли 1953 таваллуд шудааст.

Мавсуф аз соли 1993 дар вазифаҳои мудири бахши сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ ҶТ (1993-1996), машваратчии калони хадамоти матбуоти Президенти ҶТ (1996-1997), Ёрдамчии Президенти ҶТ (1997-2000), сармуҳаррири нашрияи расмии ҶТ «Ҷумҳурият» (2000-2005), Мушовири Президенти ҶТ оид ба сиёсати кадрҳо (2005-2007), Мушовири калони Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2007- 2014) ифои вазифа намудааст.

Субҳон Кошонов аз моҳи феврали соли 2014 то  имрўз ба  ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд  кор мекард.

Ў номзади илми сиёсатшиносӣ (1982), дотсент, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975), коромўз ва аспиранти Пажўҳишгоҳи фалсафаи Академияи Илмҳои ИҶШС (1976-1982) буд. Солҳо дар Донишгоҳи омўзгории Қўрғонтеппа ба  сифати муаллими калон, мудири кафедраи фалсафа, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1984-1993) фаъолият доштааст.

Субҳон Кошонов муаллифи чанд рисола, мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ аст. Ба таври мунтазам оид ба ин ё он масъалаҳои ҷомеашиносӣ, ба хусус роҷеъ ба «Ташаккули зиёиёни тоҷик ва муносибати байни миллатҳо», «Тарбияи интернатсионалии ҷавонони деҳот»  асарҳо таълиф намуда, дар чандин конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австрия, Булѓория, Қазоқистон, Қирѓизистон, Лаҳистон, Олмон, Россия, Туркия, Фаронса ва ШМА иштирок ва сухаронӣ кардааст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд.

Хотиррасон менамоем, ки  намози ҷанозаи марҳум  соати 16:00 дар Масҷиди марказии Душанбе  баргузор мегардад.

Январь 22, 2020 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид