ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 январ, шанбе, 18-умин рӯзи соли 2020 аст

Январь 18, 2020 08:00

18 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро  баррасӣ намуданд.

***

3 сол пеш, 18 январи соли 2017  дар  шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

***

18 январи соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.

18 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

18 январи соли 1999 Радиои «Садои Душанбе» ба фаъолият оғоз кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 додгоҳи Покистон нисбат ба собиқ президенти ин кишвар Парвиз Мушарраф аз рӯи парвандаи куштори роҳбари миллатгароёни Балуҷистон Акбар Бугти (соли 2006) ҳукми сафедкунанда баровард.

***

60 сол муқаддам, 18 январи соли 1960 аввалин маротиба ҳавопаймои Ил-118 аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба шаҳри Қоҳираи  Миср парвози бетаваққуф анҷом дод.

***

18 январи соли 1964 табибони амрикоӣ аз конгресс даъват ба амал оварданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор  намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатари он ба саломатӣ нависанд.

***

18 январи соли 1995 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Япония зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

***

Соли 1925 дар Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Новый мир» («Ҷаҳони нав») нашр шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

Январь 18, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 295-умин рӯзи соли 2024 аст